ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 39-сола хабар дод, ки бо иттиҳоми ба яғмо бурдани роёнаҳо муттаҳам мешавад.
Ба иттилоъи сомонаи расмии ВКД, ин зан 7 апрел бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо 2 копютери тамғаи "Тошиба" ва 1 компютери тамғаи "Сонӣ"-ро, ки арзиши умумиашон 1000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, рабудааст.
Ҳамчунин, ин манбаъ аз боздошти як зани дигар бо ҷурми дуздии 15000 сомонӣ иттилоъ медиҳад. Ин зан 20 сол дошта, маблағро 26 марти соли 2016 аз манзили як сокини пойтахт дуздидааст.
Дар қиболи ҳар ду бону, ки даст ба дуздӣ задаанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.