ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар бозии ифтитоҳии даври аввали Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол, чемпиони чаҳоркаратаи мамлакат, барандаи Суперҷоми имсола, дастаи "Истиқлол" ба дарвозаи "Парвоз"- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4 голи беҷавоб зад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи кишвар, нахустин голи имсоларо дар мавсими футболи соли 2016 (дар лигаи олӣ) на ҳамлагар, балки ҳимоягари тими "Истиқлол"-и Душанбе Сиёвуш Асроров дар дақиқаи 29-уми қисми аввали бозӣ ба нишон расонд.
Ҳамин тавр, Фатҳулло Фатҳуллоев, ки дар нимаи аввал ба ҷои ҳамлагари латбардоштаи соҳибони майдон Александр Каблаш ба майдон омада буд, ду тӯби дигарро вориди дарвозаи меҳмонон кард.
Голи хотимавиро аз "Истиқлол" Манучеҳр Ҷалилов зада, ғалабаи комили тими душанбегиҳоро таъмин сохт.
Бозиҳои дигари даври аввал 9-10 апрел баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе дастаи "Регар-ТадАЗ" бо ССКА "Помир", тими "Хуҷанд" бо "Вахш" ва рӯзи якшанбе "Хайр" бо "Равшан" ва "Ҳосилот" бо "Барқчӣ" рақобат мекунанд.