ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Маҷмӯаи мазкур аз 2256 асари насриву назмӣ ва публитсистӣ иборат аст, ки фарогири мавзӯъҳои гуногун дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, китоби нахустин дар бораи ӯ соли 1994 чоп гардидааст.
Маҷмӯа аз ҷониби муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода таҳия шуда, бо теъдоди 250 нусха нашр шудааст.
Ба ин китоб ёвари президент оид ба масоили иҷтимоӣ академик Абдуҷаббор Раҳмонов пешгуфтор навишта, ба чӣ гуна тасвир шудани обрӯву нуфузи Эмомалӣ Раҳмон дар ин асарҳо баҳогузорӣ шудааст.