https://sputnik.tj/20160405/1019129555.html
Бозиҳои олимпии Бразилия каммухлис хоҳанд буд
Бозиҳои олимпии Бразилия каммухлис хоҳанд буд
Sputnik Тоҷикистон
Шореҳони варзишӣ қайд мекунанд, ки Бозиҳои олимпӣ дар Рио бо толорҳои нимхолӣ доир мегарданд. То имрӯз нисфе аз билетҳо фурӯхта шудаанд, амм фурӯши боқимонда... 05.04.2016, Sputnik Тоҷикистон
2016-04-05T12:48+0500
2016-04-05T12:48+0500
2023-07-04T17:43+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101911/88/1019118838_0:64:3345:1956_1920x0_80_0_0_3d2e82245a8de902059ec9fb6ef780c8.jpg
бразилия
рио-де-женейро
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2016
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101911/88/1019118838_65:0:3281:2021_1920x0_80_0_0_6859409aaaf906778676af38faa392d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навигариҳои варзиши тоҷикистон, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, таҳқиқ, ҳамаи хабарҳо, бразилия, рио-де-женейро, рикардо лейсер, бозӣ, хатар, варзишгарон, вируси зик, каммухлис, хафв, бозиҳои олимпии пекин
навигариҳои варзиши тоҷикистон, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, таҳқиқ, ҳамаи хабарҳо, бразилия, рио-де-женейро, рикардо лейсер, бозӣ, хатар, варзишгарон, вируси зик, каммухлис, хафв, бозиҳои олимпии пекин
Бозиҳои олимпии Бразилия каммухлис хоҳанд буд
12:48 05.04.2016 (Навсозишуда: 17:43 04.07.2023) Шореҳони варзишӣ қайд мекунанд, ки Бозиҳои олимпӣ дар Рио бо толорҳои нимхолӣ доир мегарданд. То имрӯз нисфе аз билетҳо фурӯхта шудаанд, амм фурӯши боқимонда хеле суст ҷараён дорад.
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. То оғози бозиҳои олимпӣ чор моҳи дигар боқӣ мондааст ва ташкилкунандагони он имрӯз изҳори нигаронӣ доранд, ки билетҳо барои мусобиқаҳо харидор надоранд, иттилоъ медиҳад CNN.
Вазири нави варзиши Бразилия Рикардо Лейсер нақшаи фурӯши чиптаҳоро пешниҳод мекунад. Дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Фоля" ӯ изҳор дошт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ метавонад қисми онҳоро харидорӣ намуда, ба хонандагони мактаб, донишҷӯён ва нафарони камбизоат тақсим намояд.
Ёдовар мешавем, ки Лейсер чанд рӯз қабл ин мансабро соҳиб гардид. Вазири собиқ бо иттиҳоми фасодкорӣ ба истеъфо рафт.
Коршиносон мегӯянд, ки Олимпиада дар Бразилия яке аз бузургтарин нокомиҳо дар таърихи мусобиқот хоҳад шуд, зеро дар баробари коҳиши мизони зиндагии аҳолӣ дар Бразилия сиёсати номутавозӣ ва вируси хатарноки Зик ҳукмфармост. Қисме аз коршиносон ҳатто пешниҳод менамоянд, ки бозиҳо дар ягон кишвари дигари бехатар гузаронида шаванд.
Олимпиадаи тобистонаи XXXI-ум аз 5 то 21 август дар Рио-де-Женейро (Бразилия) баргузор мегардад. Ин бозиҳои олимпии аввалин дар Америкаи Ҷанубӣ, дуввумин дар Америкаи Лотинӣ (баъди Олимпиадаи соли 1968) ва аввалинин сабқати олимпӣ пас аз соли 2000 инҷониб дар нимкураи ҷанубист.Дар бозиҳои олимпӣ шумораи рекордии медалҳо (306) ва иштироки рекордии кишварҳои ҷаҳон (206) дар назар аст, аз ҷумла мамлакатҳои Косово ва Судани Ҷанубӣ барои нахустин бор Олимпиада ширкат хоҳанд варзид.