Бозори маводи сӯзишворӣ тайи 10 соли охир

Обуна шудан
Талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба маҳсулоти нафтӣ 1,2 млн. тоннаро ташкил медиҳад, вале воридоти солона ба ин ҳаҷм нарасидааст. Интиқолдиҳандагони асосии маҳсулоти нафт барои Тоқикистон, Қазоқистон ва Русия мебошад.

Дар давоми солҳои воридоти маҳсулоти нафт, Тоҷикистон танҳо соли 2010 ҳангоме ки Русия барои кишварҳои ба Иттиҳоди гумрукӣ (Иттиҳоди се давлат Русия, Қазоқистон ва Белорус) дохилнабуда, боҷи гумрукӣ таъин кард, ба мушкилӣ дучор омада буд.

Боҷи гумрукии содиротӣ беш аз 30%-и арзиши тоннаи маҳсулоти нафтро ташкил медод, ки ин боиси болоравии арзиши бензин ва дигар намудҳои сӯзишворӣ то 30% гардид. Он вақт Русия воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон буд. Дар давоми се соли ҳузури боҷи гумрукӣ Русия мавқеъи худро ба Қазоқистон дод, ки 60%-и воридоти маҳсулоти сӯзишвориро дар бар гирифт.

Созишнома дар бораи бекор кардани боҷи гумрукии содиротӣ аз ҷониби Русия ва Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 ба имзо расид. Шурӯъ аз соли 2013 нархи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон бо тадриҷ коҳиш меёбад.

 

Лентаи хабарҳо
0