Бо амри президент Ҳисориев аз вазифа озод, Мирзораҳимов директор шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат. 29 феврали соли 2016
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат. 29 феврали соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо амри президент Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур озод карда шуд.

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik.Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо судури амру фармонҳои марбута дар сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Тибқи иттилоъи манбаъ, бо сабаби ба нафақа баромадан Давлаталӣ Ҳотамов аз вазифаи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва Ҳикмат Ҳисориев аз вазифаи роҳбари Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Тоҷикистон озод гардиданд.

Маҷмаи табъу нашри Шарқи Озод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Исмоилзода сардори Раёсат дар дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд

Ҳамакнун, Мирзораҳимов Акобир Каримович аз вазифаи директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академия сабукдӯш ва ба курсии сарварии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон такя мезанад.

Бо фармонҳои дигари сарвари давлат, Билол Иброҳим, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун ва Асозода Нуралӣ Маҳмадулло, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда гардиданд.

Зимнан, райисчумҳур Каримзода Азизмадро аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ озод ва ба вазифаи муовини якуми Раиси ҳамин кумита таъин карда, Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии озод ва ба вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Тоҷикистон баргузида шуд.

Неъматзода Фаррух Неъмат низ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба ҷойи ӯ Қурбонзода Хуршед Ҳазрат таъин шудаст.  

 

Лентаи хабарҳо
0