Медали тиллои Ёқубҷон Назиров дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо

© Хамди МуродовЁкубҷон Назиров (аз чап) - барандаи Ҷоми Аврупо дар вазни то 81 кило
Ёкубҷон Назиров (аз чап) - барандаи Ҷоми Аврупо дар вазни то 81 кило - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷоми Аврупо барои гуштигирони навраси тоҷик дувумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор меравад.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони то 18-сола, ки рӯзҳои 2-3 апрел дар шаҳри Твери Русия баргузор шуд, соҳиби як медали тилло гардид.

Таъсиси "Мактаби дзюдои Расул Боқиев" дар Маскав

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило баъди ду пирӯзӣ бар Владимир Сечин ва Манаф Набиев (ҳар ду аз Русия), дар даври ниманиҳоӣ боз як варзишгари рус- Назар Меншиковро шикаст дод ва ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Ёқубҷон Назиров дар қувваозмоии ниҳоӣ Иван Дубинаро аз Беларус мағлуб кард ва барои ҷойи аввал бо медали тилло сарфароз гашт.

Ҷоми Аврупо барои гуштигирони навраси тоҷик дувумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор меравад. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 9 варзишгар шомил буданд.

Дар байни онҳо боз ду нафари дигар натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Темур Маҳмадов дар вазни зери 81 кило ҷойи панҷум ва Шамоили Ҷаҳонгир дар вазни зери 73 кило ҷойи ҳафтумро соҳиб шуданд.

Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар Твери Русия 274 варзишгар (172 писар ва 102 духтар) аз 14 кишвар (10 кишвари Аврупо ва 4 кишвари Осиё) иштирок дошт.

Лентаи хабарҳо
0