ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар сабқати ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки аз 4 апрел то 9 ҳамин моҳ давом мекунад, ҳашт даста ширкат хоҳанд кард.
Мувофиқи натиҷаи қуръакашӣ ба гурӯҳи "А" дастаҳои "ДИСИ Инвест","БМТ" (ҳар ду аз Душанбе), "Эсхата" (Кӯлоб) ва "Сипар" (Хуҷанд), ба гурӯҳи "Б" "ДИСИ Инвест-2","Соро компания" (ҳар ду аз Душанбе), "Самандар" (Турсунзоде) ва"Чортан" (Кулоб) дохил шуданд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо бо тарзи мудаввар дар як давр бозӣ мекунанд. Ду гурӯҳи беҳтаринҳо ба нимфинал мебароянд. Баъд ғолибони сабқат 1/2 финалӣ дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 9 апрел баргузор мегардад, ширкат мекунанд.
Чуноне сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозиҳо дар варзишгоҳи Кумитаи андоз дар ноҳияи 46-уми шаҳри Душанбе мегузаранд.
Тақвими даври аввал:
4 апрел
9:00 — "ДИСИ Инвест" — "Эсхата"
10:00 — "БМТ" — "Сипар"
11:00 — "ДИСИ Инвест-2" — "Самандар"
12:00 — "Соро компания" — "Чортан"