Макнуна Ниёзова- қаҳрамони маҷаллаи итолиёвии "Donna"

© SputnikМаҷаллаи итолиёвии "Donna" акси Макнуна Ниёзоваро нашр кард
Маҷаллаи итолиёвии Donna акси Макнуна Ниёзоваро нашр кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бону Ниёзова дар донишгоҳ дар Душанбе низ дарси мӯд медиҳад ва ба зудӣ Осиёи Марказиро дар озмуни мӯди осиёӣ дар Кореяи Ҷанубӣ муаррифӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Баъд аз нашри матлаби Глобал Войсз (Global Voices), маҷаллаи итолиёвии Донна (Donna) тасмим гирифт, акси яке аз шашгонаи фейсбукбонуҳои тоҷикро нашр кунад. Шумораи навбатии маҷалла бо акси мӯдсози тоҷик Макнуна Ниёзова рӯи чоп омад.

Дар матлабе бо қалами Валентина Равизза, дар шумораи навбатии ин маҷалла аз таърихи 26-уми март, Макнуна Ниёзоваро бонуи маъруф дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Ким Кардашяни тоҷик муаррифӣ кардаанд.

Global Voices 6 бонуи тоҷики маъруф дар “Facebook”-ро муаррифӣ кард

"Макнуна Ниёзова, ки дар донишгоҳ дар Душанбе низ дарси мӯд медиҳад, ба зудӣ Осиёи Марказиро дар озмуни мӯди осиёӣ дар Кореяи Ҷанубӣ муаррифӣ мекунад ва ин ҳақро пас аз пирӯзӣ дар озмуни "Чеҳраҳои Осиёи Марказӣ"  ба даст овардааст",- омадааст дар матлаб.

Чанде қабл, платформаи байналмилалии блоггерии мавсум ба "Global Voices" исми 6 бонуи тоҷикро, ки дар мавриди онҳо дар шабакаи иҷтимоии Facebook таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, муаррифӣ карда буд.

Дар ин матлаб, ки "Global Voices" нашр кардааст, дар бораи занони тоҷики бештар маъруф ва "пурнуфуз" дар шабакаи Фейсбук сухан рафта, қайд мешавад, ки онҳо махсус барои "саҳми арзанда ва босазо дар фазои Тоҷикистони муосир" баргузида шудаанд.

Муаллифи матлаби Глобал Войсз, Абдулфаттоҳ Шафиев мегӯяд, пас аз нашри матлаб яке дигар аз он шашгона Парӣ Саидова чеҳраи сафҳаи Снапчати Глобал Войсз гардида буд  ва исми Шаҳноз Комилзода барои як ҳафтаи дигар дар нашрияҳои тоҷикӣ чарх мезад.

Лентаи хабарҳо
0