ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳашт нафар бар асари муноқишаи оммавӣ байни гурезаҳои афғон ва сурӣ дар бандари калонтари Юнон- Пире, ки дар он ҳудуди шаш ҳазор паноҳҷӯ муваққатан ба сар мебаранд, ҷароҳат бардоштанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии хабарии Афғонистон.
Бегоҳи рӯз дар бандар наздики 30 нафар муноқишаро шурӯъ карда, баъди нимашаб он ба муноқишаи оммавӣ табдил шуд. Шаҳрвандони Сурия ва Афғонистон ҳамдигарро сангборон карда, шишаҳои терминали мусофирбарро шикастаанд, иттилоъ медиҳад очонсӣ. Муноқиша танҳо баъди ҳозир шудани кормандони пулис хотима ёфт.
Дар муноқиша садҳо гуреза ва муҳоҷирон ширкат карда, бандарро ба майдони мубориза табдил доданд, хабар медиҳад нашрияи "Прото тема".
Тибқи маълумоти манбаъ ва ба нақл аз қавли шоҳидон, сабаби ҷанг ҳамлаи гурезаи афғон бо нияти номаълум ба зани сурӣ шудааст. Ҳамватанон ба ҳимояи зан бархостанд ва вазъият тезу тунд гардид.
"Дар давоми се соат садҳо нафар бо ҳам ҷангиданд ва бо сангу оҳанҳо ва ашёи дигар мусаллаҳ гардида, ба ҳамдигар ҳамла карданд. Аз қаҳру ғазаби ҷангиён ҳатто дарахтони хурди хурмо ҳам осеб диданд. Аз байни муноқиша волидон бо фарзандони худ кӯшиш мекарданд, бароянд ва ба ҷое паноҳ баранд",-менависад нашрия.
Вазиъят баъди соати яки шаб вақте мақомоти маҳаллӣ ва пулис муҳоҷиронро иҳота карданд, ором шуд.
"Ҳукумат мехоҳад бо мақсади такрор нашудани чунин муноқишаҳо дар бандари бузаргтарини кишвар намояндагони ин ду миллатро аз ҳам ҷудо кунад.
Кормандони пулис огоҳ мекунанд, ки агар ин бандар аз муҳоҷирон "тоза" карда нашавад, "ба ҳалокат расидани гурезаҳо" аз эҳтимол дур нест",- омадааст дар мақола.
Пулис қайд мекунад, ки барои қабули беш аз панҷ ҳазор гуреза дар ин макон на нақшаи муайян аст ва на инфрасохтор, менависад "Прото тема".