ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Бо иттиҳоми қатли як сокини ноҳияи Фархор як марди 41-сола дастгир гардидааст, иттилоъ медиҳад ВКД ҶТ.
Манбаъ мегӯяд, боздошти муттаҳам баъди он сурат гирифтааст, ки аз беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ба ШВКД дар бораи овардани ҷасади марди 31-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ хабар додаанд.
"Муайян гардид, ки гумонбаршуда бо ин мард ҷангу ҷанҷол намуда, бо табари дар дасташ буда якчанд маротиба ба сару пушташ задаааст, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст"- менависад сарчашма.
Нисбати гумонбаршуда бо дастрасии моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.