Барканории ҳайати мураббиёни тими футболи Тоҷикистон

© SputnikКурсии бозигарони эҳтиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Курсии бозигарони эҳтиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими миллии Тоҷикистонро ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё -2019 мураббии нав тайёр мекунад. Исми мураббии ҷадид рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон қарор дар бораи барканории ҳайати мураббиёни дастаи миллиро қабул кард, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Лаҳзае аз бозии Қирғизистону Тоҷикистон дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Бохти Тоҷикистон аз Қирғизистон. Дар Душанбе

"Ҳамин тавр, бо сабаби нокомии мунтахаби футболи кишвар дар сабқати интихобии қаҳрамони ҷаҳон-2018, ки тими мо ҷои чорумро дар гурӯҳи "В" ба даст оварда буд, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллӣ Мубин Эргашев ва ёрдамчиҳояш аз вазифа барканор шуданд", —гуфта мешавад дар иттилоъия.

Тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳайати нави мураббиён омода менамоянд.

Исми сармураббии нави дастаи миллӣ, ки ёрдамчиҳояшро худ интихоб хоҳад кард, рӯзҳои наздик эълон мешавад.

Лентаи хабарҳо
0