ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Шаҳрванди Алҷазоир, ки бо гумони даст доштан дар таркиши Белгия дар қаламрави Италия дасгир шуд, ҳамгоми бозпурсии муфаттишон аз ироаи посух худдорӣ варзид, иттилоъ медиҳад оҷонсии Франс Пресс бо такя ба як манбаъ дар додгоҳ.
Пулиси Италия рӯзи шанбе дар деҳаи Салерно шаҳрванди Алҷазоир Ҷамолиддин Уалиро, ки аз ҷониби мақомоти Белгия дар ҷустуҷӯъ қарор дошт, боздошт намуданд. Эҳтимол меравад ҳуҷҷатҳоеро, ки худкушон ҳангоми инфиҷори Брюссел ва қаблан дар Порис истифода бурда буданд, аз ҷониби ӯ тайёр шудаанд. Рӯзи душанбе дар нақша аст, ки ӯро ба Белгия истирдод намоянд.
Манбаъ менависад, пулиси Италия шахсеро бо номи Ҷамолиддин Уалӣ аз 6 январ, баъди оне, ки хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ иҷозатномаи буду боши ӯро тафтиш карда буд, ҷустуҷӯ менамоянд. Қайд мегардад ки аз боздоштшуда садҳо аксҳои рақамӣ дарёфт шуда, миёни онҳо сурати се нафаре, ки ба ташкили таркиш дар Порис даст доштанд ва як террористи худкуш аз инфиҷори Брюссел Наҷима Лаашрауӣ ёфт шуд.
Мувофиқи маълумоти оҷонсӣ, прокуратураи Брюссел гумон мебарад, ки ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз ҷониби террористи дигар- Салоҳ Абдусалом дар таркиши Порис низ истифода шудааст.
Ду инфиҷор дар фурудгоҳи байналмиллалии Брюссел субҳи 22 март рух дод. Таркиши сеюм баъдтар дар истгоҳи Малбек дар метро ба вуҷӯъ пайваст. Бар асари таркишҳо 28 нафар ҳалок ва 340 тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Масъулияти таркишҳоро "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия- ДИИШ) бар ӯҳда гирифт.
Шоми 13 ноябри соли 2015 гурӯҳи ҷиноятпеша чанд ҳамлаи террористӣ дар наздикии Сен-Дении Порис анҷом дод. Дар умум 130 нафар қурбони ин таркишҳо гардида, 350 тани дигар захмӣ шуданд.