ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар Кувайт рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон шурӯъ гардида, ҳоло идома доранд, иттилоъ медиҳад оҷонсии KUNA.
Тавре сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов иброз дошт, чорабиниҳо рӯзи 24 март оғоз шуда, то 28 март таҳти сарпарастии вазири иттилоот ва вазири ҳукуматӣ оид ба кор бо ҷавонон шайх Салмон Сабоҳ Салим Ал-Ҳамд баргузор мегарданд.
Сабаби гузаронидани рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин минтақа, ин мақоми Фарҳанги исломӣ-2016 гирифтани шаҳри Ал-Кувайт мебошад.
Ба қавли дипломат, ду майдони бузург барои гузаронидани барномаҳои консертӣ, ба намоиш гузоштани аксҳо ва ярмарка —намоиши маҳсули дасти ҳунармандони Тоҷикистон ҷудо шудаанд.