Ба тоҷикистониёни Маскав гуфтанд, аз ватан фаромӯш накунед

© Официальный сайт посольства РТ в РФДар сафорати ҶТ дар Маскав мулоқот бо ҷавонони тоҷикистонӣ баргузор гардид
Дар сафорати ҶТ дар Маскав мулоқот бо ҷавонони тоҷикистонӣ баргузор гардид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ Ризо Назарзода аснои сӯҳбат бо ҷавонони фаъоли Тоҷикистон онҳоро ба талқини ғояҳои муҳаббат, садоқат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ миёни ҳамсолонашон даъват кард.

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо ҷавононе, ки дар ин ҷо кор ва таҳсил мекунанд, вохӯрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳоди дипломатӣ дар Маскав.

Ҳангоми сӯҳбат сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов қайд кард, ки нақши ҷавонон дар обод гардонидани Ватан ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд бузург аст.

Маркази воҳиди муҳоҷирати ХФМ дар рустои Сахаровои Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди кормандони Сафорати ҶТ аз боздоштгоҳи муҳоҷирон дар Сахарово

"Барои ҳамин ҷавонон бояд ҳам дар таҳсил ва ҳам дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд ", —қайд кард Сатторов.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ Ризо Назарзода  дар навбати худ ба ҷавонон пешниҳод намуд, то барои рушди сайёҳати донишҷӯён, ки яке аз самтҳои беҳтарини ин соҳа ба шумор меравад, ҳамкории фаъол дошта бошанд.

Бояд қайд кард, ки ҷавонон дар рафти вохӯрӣ оиди  доираи васеи масъалаҳои дахлдор ва мушкилоти худ саволҳо доданд ва ҳамчунин дар бораи фаъолгардонии нақши ҷавонон дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ пешниҳодҳо  намуданд.

Лентаи хабарҳо
0