ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Варзишкорони навраси тоҷик дар мусобиқоти кушоди Аврупо ширкат карда, соҳиби 5 медал гардиданд, иброз дошт дабири кулли Федератсияи кёкушинкан каратэ-дои Тоҷикистон, Неъматулло Акбаров аснои сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба қавли ӯ, ин сабқат дар шаҳри Берлини Олмон бо ширкати 222 варзишгар аз 13 кишвар, бо шумули Австрия, Руминия, Сербия, Эстония, Лаҳистон, Исроил, Белорус, Арманистон, Украина, Булғористон, Русия ва Олмон баргузор шуд.
"Дар сабқати наврасон Сироҷиддин Кароматов (вазни —65 кг) барандаи медали нуқра ва Ёқубҷон Сафаров (-75 кг), Сорбони Субҳон (65 кг), Мансури Давлатқадам (-60 кг) ва Темур Раҳмонов (+55 кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд",- афзуд оқои Акбаров.