Коршинос: ҳукумати заиф ҳамеша таҳти ҳадаф аст

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкСергей Маркедонов. Акс аз бойгонӣ
Сергей Маркедонов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамкориҳои давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмиллалӣ маҳаки асосии мубориза бар зидди терроризм аст, мегӯяд сиёсатшинос Сергей Маркедонов.

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Маҳву ҷилавгирии терроризм терроризм фақат аснои ҳамкориҳои муштараки давлатҳои бонуфуз ва созмонҳои байналмилалӣ имконпазир аст, гуфт дотсенти Донишгоҳи гуманитарии Русия Сергей Маркедонов.

Коршиносон дар Реюнон пораи дарёфтшудаи ҳавопайморо таҳқиқ доранд

Ба қавли ӯ, сабабҳои маъруфият пайдо кардани равандҳои исломгароӣ гуногунанд ва ба камбизоатию бекорӣ рабт додани он мумкин нест. Бештари вақт идеологҳо ва сарпарастони терроризм одамони соҳиби маълумоти олӣ ва бо мақоми баланди иҷтимоӣ мебошанд.

Дар қатори исломгароён, махсусан аз ҷиҳати идеологӣ аксаран зиёиёне ҳастанд, ки аз вазъи феълии мазоҳиб норозианд. Аксаран ақидаҳои "интиқоми шарқ"- ро онҳое дастгирӣ менамоянд, ки аз арзишҳои анъанавӣ ва ҷаҳонишавӣ фарсахҳо дуранд.

Дар ҳар сурат беадолатии иҷтимоӣ, набудани баробарии имкониятҳо ва "сарватмандӣ"-и  Ғарб наметавонад баҳона барои  куштори одамон шавад.

Ҷаноби Маркедонов имконияти бартараф кардани хатари терроризмро танҳо дар ҳамкориҳои муштараки кишварҳои абарқударт ва созмонҳои байналмиллалӣ мебинад. Чунки амалиётҳои террористон-ин дар навбати худ ҷанги шабакаҳои вижа бар зидди ҳукуматҳост.

"Ҳукумати заиф- ҳадафи террористон қарор мегирад",- хулоса кард ӯ.

Лентаи хабарҳо
0