ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар саросари вилояти Хатлон кишти пахта оғоз гардид, иттилоъ медиҳад вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Мусоид омадани боду ҳавои кишвар имсол имкон медиҳад то кишту кор барвақттар шурӯъ гардад, мегӯянд масъулон.
Дар нақша аст, ки имсол дар майдони 190 ҳазор гектар панбадона шинонда шавад. Ин нишондод то 30 ҳазор нисбати соли гузашта зиёдтар аст.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки соли 2015 харидори асосии пахтаи Тоҷикистон кишвари Туркия шуд. Анқара наздики 37,4 ҳазор тонна пахтаро бо маблағи зиёда аз 50,7 миллион доллар харидорӣ кард. Эрон дар ҷои дуюм ва Русия дар мақоми сеюм меистад.