ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. "Нейрочат"-шабакаи иҷтимоӣ барои одамоне, ки қобилияти сухангӯӣ ва ҳаракатро гум кардаанд, эҳтимолан соли 2016 дар Русия пайдо шавад, иттилоъ медиҳад роҳбари лоиҳа, сарвари кулли ширкати "Нейротренд" Наталя Галкина.
Ба қавли ӯ, ҳар сол дар Русия то 450 ҳазор сактаи мағзӣ қайд мегардад, дар натиҷаи ин 85% одамон маъюб мемонанд. Дар умум наздики 4 миллион беморон дар Русия ба воситаҳои алоқаи бидуни овоз ва ҳаракат ниёз доранд: ин барои табобати онҳо, алоқа ба ҷомеа ва ҷалб намудани онҳо ба корҳои иҷтимоӣ зарур аст, мегӯяд Галкина.
"Ҳадафи мо-додани имконият ба маъюбон, барои барқарор намудани алоқа байни ҳамдигар тариқи шабакаҳои вижаи иҷтимоӣ ба воситаи таркиби нейронинтерфейси эргономикӣ мебошад", — гуфт Галкина.
Интерфейси истифодабаранда аз экран, протсессор, роутер, гушмонаки бесим дар намуди сарбанд бо электродҳо иборат хоҳад буд. Гӯшмонакҳо электроэнсефалографи одамро ҳисоб карда, ба фармони махсус табдил медиҳанд.
Арзиши тахминии лоиҳа 133 миллион рубли русиро ташкил медиҳад, дар нақша ҳаст, ки се қисми он аз манбаъҳои ғайрибуҷавӣ ҷалб гардад. Ба эътимоди Галкина лоиҳа солҳои 2016-2018 роҳандозӣ хоҳад шуд.
Физики машҳур Стивен Хокинг баъди фалаҷ ба зиндагии фаъолонаи худ идома дод, ба илм сару кор мегирад, дарс медиҳад, гузориш омода мекунаду дарс медиҳад ва бо ёрии синтезатори сухангӯии компютерӣ бо ҷаҳон дар алоқа аст. Соли 1963 Хокинги 22 —соларо ташхис карда, дар ӯ склерози амиатрофии паҳлӯӣ (БАС) дарёфт карданд. Табибон он вақт боварӣ доштанд, ки ӯ ҳамагӣ ду се соли дигар умр дорад. Аммо тахмини онҳо хато баромад, олим ба фаъолияти худ давом дод, ду маротиба оиладор шуда, соҳиби се фарзанд гардид.