ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд сокинони вилоят истиқбол гирифта, аз ташрифи ӯ изҳори хушнудӣ карданд.
Ба иттилоъи манбаъ, ҳадаф аз ин сафари корӣ шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони дигар иншоот ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.