ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Шумораи қурбониён дар Бруссел дар натиҷаи таркиш ба 21 нафар расида, 35 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд, хабар медиҳад телевизиони Белгия VRT.
Дар миёни кушташудагон кӯдакон ва занон ҳам ҳастанд. Ҳамаи парвозҳо ва қабули ҳавопаймоҳо манъ шудааст. Шоҳидон мегӯянд таркиши аввал 200 метр дуртар аз фурудгоҳ ва инфиҷори дуюм дар маркази он бо нерӯи сахттар ва садои баландтар рух дод.
Ҳукумати Белгия таркишро дар фурудгоҳи Белгия ҳамлаи террористӣ хонд.