Дарҳои Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқ (НКХХ) дар имрӯз барои ҳама хоҳишмандон боз буд, аз ин рӯ ҳузури беш аз 10 ҳазор тамошобин дар ин ҷашн бесабаб набуд.
Дар ҷашнвора намояндагони касбу кори мухталиф аз Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Тотористону Бошқирдистон ва ҷумҳурии худгардони Курдистон ширкат доштанд.
Дар яке аз толорҳои бино кушти бо миёнбанд баргузор шуда, варзишкорони Қирғизистон барандаи сабқат эълом шуданд.
Пас аз сабқати варзиши ҳунармандон дар толори асосии ҷашнгоҳ хотири тамошобинонро бо рақсу сурудҳои ҷолиб шод карданд.
Сюрпризи Наврӯзи имсолаи Маскав ба саҳна баромадани гурӯҳи созию овозии "Авесто" дар интиҳои ҷашнвора буд, ки аз Тоҷикистон даъват гардида буданд.

1/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин
Дар ҷашнвораи имсола беш аз 10 ҳазор нафар тамошобин ҷамъ омада буд

2/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин
Ҳар як кишвари иштирокчӣ дастоварду ҳунари мардуми худро ба намоиш гузошта буд.

3/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин
Либоси миллии тоҷикӣ дар ҷашнвора.

4/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин
Духтарак бо либоси миллии тоҷикӣ

Рақси қафқозӣ дар ҷашнвора

6/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин
Гандуми сабз- рамзи Наврӯз

Оши палави тоҷикӣ ба меҳмонони ҷашнвора писанд омад

8/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин
Тоқиҳои тоҷикӣ дар намоишгоҳ

Толори мусобиқаи гуштигирӣ дар НКХХ

10/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин
Консерти ҳунармандон дар Наврӯзи Маскав

11/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин
Рақси тоҷикӣ дар иҷрои гулдухтарони тоҷик

12/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин
Намояндаи Тоҷикистон лаҳзаҳои ҷолибро ба навор мегирад

13/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин
Ансамбли тарона ва рақси Ҳиндустон дар саҳна.

14/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин
Гурӯҳи "Авесто" дар интиҳои ҷашнвора ба саҳна баромад ва шавқу шӯреро дар толор ба вуҷуд овард.

15/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин
Парчами Тоҷикистон дар НКХХ

16/16
© Sputnik / Игорь Лекаркин.
Анҷоми ҷашнвора- акс барои хотира