Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон меояд. Ба наздикӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМулоқоти Ашраф Ғанӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар Уфа (Бошқирдистони ФР). 9 июли соли 2015
Мулоқоти Ашраф Ғанӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар Уфа (Бошқирдистони ФР). 9 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимнан, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои афғонистонии худ ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон ва иштирок дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар тарҳи КАСА-1000 даъват ба амал овард.

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Нимаи дувуми рӯзи гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои афғонаш Муҳаммад  Ашраф Ғанӣ сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.

Ба иттилоъи манбаъ, ин гуфтугӯи телефонӣ бо дархости ҷониби Афғонистон сурат гирифта, аснои сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар ва масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои афғонашро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва ва иштирок дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар тарҳи КАСА-1000 даъват кардааст. Даъвати оқои Раҳмон аз ҷониби сарвари Афғонистон ба хушӣ пазируфта шуд, мегӯяд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0