ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Асари нави илмӣ дар соҳаи бостоншиносӣ аз ҷониби бостоншиноси ҷавон Бобомулло Бобомуллоев тарҷума ва бо дастгирии Академияи улуми Тоҷикистон ба чоп расидааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ин пажӯҳишгоҳ.
"Дар замони истиқлолият дар баробари дигар соҳаҳо таҳқиқот дар соҳаи бостоншиносии тоҷик хеле рушд кард. Маҳз дар ҳамин давра ёдгории беназири аҳди неолит ва биринҷии Саразм ба феҳристи мероси умумибашарии ЮНЕСКО ворид гардид. Харитаҳои бостоншиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Ҳисор ва ноҳияи Ёвон ба нашр расид",- омадааст дар хабари сарчашма.
Ҳамзамон, аз ҷониби бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АУ ёдгориҳои нав дар Фархор, Кангуртут ва Дарвоз кашф карда шуданд.
Бино ба иттилоъи масъулини Академияи улуми кишвар, соли 2008 дар шаҳри Маскав китоби "Памятники Кангуртута в Юго- Западном Таджикистане (Эпоха неолита и бронзового века) аз чоп баромад, ки дар он натиҷаи таҳқиқоти зиёда аз 40-солаи бостоншиносони маъруф В.А.Ранов, Н.М.Виноградова ва Т.Г.Филимонова ҷамъбаст шудааст. Аҳамияти муҳими ин ёдгориҳоро дар таърихи халқи тоҷик ба назар гирифта, раисҷумҳур барои оғози омӯзишҳои бостоншиносӣ дар деҳкадаи Кангуртут дастур дод.
Ҳамин тавр, корҳои бостоншиносӣ аз нав аз ҷониби мутахассисон кишвар идома ёфтанд. Бозёфтҳои ин мавзеъ аз таърихи зиёда аз 3500-солаи ин минтақа шаҳодат медиҳанд.