ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Роҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар нишасти сарони давлатҳои ҳамкориҳои СҲШ (Созмони Ҳамкориҳои Шанхай), ки дар Узбакистон доир мегардад, ширкат хоҳад кард.
Мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ 23-24 июн дар Тошканд баргузор мешавад.
"Ман нақша дорам, дар нишасти навбатии ташкилоти ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Тошканд доир мегардад, ширкат варзам",- гуфт Назарбоев дар маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Остона.
Ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд.
Кишварҳое амсоли Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозирии ташкилотро дороанд.
Моҳи июли соли 2015 тартиби вуруд ба СҲШ бознигарӣ шуда, барои Ҳиндустон ва Покистон низ имкони шомилшавӣ вуҷуд дорад.
Дар ҳоли ҳозир, Узбакистон роҳбарии ташкилотро ба зимма дошта, онро чанде қабл дар Уфа пас аз Русия ба даст овард.