Коко Шанел дар робита бо нозиҳо гумонбар мешавад

© AFP 2023Тарроҳи фаронсавӣ Коко Шанел пас аз намоиши барномаи вижаи мӯд дар соли 1958. Акс аз бойгонӣ
Тарроҳи фаронсавӣ Коко Шанел пас аз намоиши барномаи вижаи мӯд дар соли 1958. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маълумоти бойгониҳои ошкоршуда аз ҳамкориҳои тарроҳи машҳури фаронсавӣ бо хадамоти махфии Олмон дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дарак медиҳад.

ДУШАНБЕ, 17 мар —Sputnik. Яке аз машҳуртарин бонуи фаронсавии садаи гузашта, тарроҳи саршинос Коко Шанел ба гуруҳи миллагароёни олмонӣ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шомил будааст, иттилоъ медиҳад оҷонсии Associated Press.

Таърихшиносони фаронсавӣ бойгониҳои хадамотҳои  махфии онвақтаро ошкор намуданд ва робитаи Шанелро бо нозиҳо дарёфтанд.

Мувофиқи маълумоти оҷонсӣ аз дохили номаҳо, ҳисоботҳо ва гузоришҳову аксҳо дар бораи амалиёти ҷосусони олмонӣ бар зидди Фаронса, ки муддатҳои дароз дар қасри Венсени назди пойтахт нигоҳ дошта мешуданд, номаеро дарёфт карданд, ки соли 1944 дар Париж иншо шудааст.

Ҷангиёни баталони Азов - Sputnik Тоҷикистон
USA Today: дар ҳайати баталони “Азов” миллатгароён меҷанганд

Дар мактуб гуфта мешавад, ки "солҳои 1942-43 Шанел хонум агент барон Гюнтер фон Динклаге", ки қаблан дар сафорати Олмон ба ҳайси масъули атташе кор мекард, будааст.

Ба қавли корманди бойгонии хадамоти махфӣ, Фредерик Кегинер, нома дар бораи ба қатори гумоштаҳои хадамоти ҷосусии миллатгароён дохил будани Шанел дарак медиҳад.

"Дар Олмон ӯро ҳамчун агент, яъне шахсе, ки эҳтимолан манбаъи маълумот, иҷрокунандаи миссия аст ба қайд гирифтаанд. Вале аз нуқтаи назари худи ӯ мо намедонем, оё ӯ дар ҳақиқат аз ин бохабар буд ё на", — гуфт Кегинер.

Коко Шанел борҳо ба ҳамкорӣ бо миллатгароён гумонбар шудааст. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ӯ бо иттиҳоми миллатгароӣ ба ҳабс гирифта шуда, бо дархости нахуствазири Бритонияи Кабир Уинстон Черчил бо шарти тарки Фаронса озод шуд. Шанел маҷбур шуд ба Шветсария равад ва то соли 1953 он ҷо ба сар барад.

Лентаи хабарҳо
0