Исфандиёри Назар “Шоири сол” эълон шуд

Обуна шудан
“Нигоҳ” танҳо расонаест дар Тоҷикистон, ки солшуморияшро бар асоси солшумории шамсӣ ҳисоб мекунад ва шумораи аввали ин нашрия низ на дар оғози соли милодӣ, балки дар оғози фарвардин ба нашр мерасад.

ДУШАНБЕ,  17 мар — Sputnik. Ҳафтаномаи "Нигоҳ" имсол низ чун солҳои қабли раддабандии чеҳраҳои соли Тоҷикистонро пас аз анҷоми як пурсишнома дар остонаи таҷлил аз ҷашни Наврӯз ба нашр расонидааст.

Аз таърихи Наврӯз- куҳантарин ҷашни ниёкон

Бар пояи ин назарсанҷӣ, Мирзонабии Холиқзод, хабарнигори собиқадори Радиои Озодӣ "Журналисти сол" сол эълон гардида, ба қавли масъулини нашрия дар интихоби чеҳраҳо 50 тан аз кормандони ниҳодҳои давлативу хусусӣ, адибон ва рӯзноманигорон аз ҳар гӯшаву канори кишвар ва ҳатто хориҷ аз он иштирок кардаанд.

Сарчашма мегӯяд, маҳз манбаъҳои хабарии оқои Холиқзод Радиои Озодиро ҳамоно ба расонаи таъсиргузору фазосози муҳити сиёсӣ ва иттилоотии Тоҷикистон нигоҳ доштааст.

Бар асоси ин назарпурсии "Нигоҳ", имсол Эмомалӣ Раҳмон "Сиёсатмадори сол" эътироф шуда, дар бахши "Мансбадори сол" Маҳмадсаид Убайдуллоев, "Бонкдори сол" Муродалӣ Алимардон ва "Соҳибкори сол" Гулбаҳор Маҳкамова баранда шудаанд.

Аксари иштирокдорони пурсиши ҳафтаномаи "Нигоҳ" ин дафъа Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро "Руҳонии сол" хондаанд. Дар ҳоле ки ба қавли нашрия, "садои ин руҳонии маъруф дар зарфи ин як сол аслан шунида намешуд, масҷиди маъруфи хонадон баста ва сомонаи Оли Тӯраҷон ҳам дигар фаъол нест".

Ҳамин тавр, тибқи раддабандии коршиносони "Нигоҳ" Бузургмеҳр Ёров "Адвокати сол" гардидааст. Унвони "Оппозитсияи сол"-ро Шабнам Худойдодова, узви Гурӯҳи-24, ки дар Белорус боздошт ва баъдан раҳо гардид, ба даст оварда, Дилшод Назаров "Варзишгари сол" ва Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳинд "Дипломати сол" эълон шудаанд.

Зимнан, Исфандиёри Назар "Адиби сол", Қурбони Собир "Ҳунарманди сол", Ҷонибек Муродов "Сарояндаи сол" ва Барзу Абдураззоқов ва Муҳиддини Музаффар "коргардони сол" дар театр ва синамо, Фирӯз Раҳматов "Милисаи сол" шуда, ҷоизаи махсуси "Ифтихори ҷомеаи шаҳрвандӣ" насиби ҳуқуқшинос, фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ Файзиниссо Воҳидова гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0