Попи Рум 19 март саҳифаи Instagram мекушояд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПопи Рум Франсиск. Акс аз бойгонӣ
Попи Рум Франсиск. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Попи Рум Франсиск дар шабакаи Интернет саҳифаи иҷтимоии Instagram мекушояд, менависад оҷонсии Ansa бо истинод ба масъули равобит бо ҷомеъаи Ватикан Дарио Вигано.

ДУШАНБЕ,  17 мар — Sputnik. Интизор меравад, ки саҳифаи попи Рум, Франсиск, 19 март дар  рӯзи солгарди сеюми ба курсӣ нишастанаш фаъол гардад.

Оҷонсии Ansa қайд менамояд, ки фикри кушодани саҳифаи Instagram эҳтимолан баъди вохӯрии поп бо ҳаммуассиси саҳифа- Квин Систр, ки 26 феврал доир гардид, ӯро ба ба ин кор водор сохт.

Маврид ба ёдоварист,  ки пешвои 79-солаи католикҳои дунё, попи Рум аз саҳифаҳои иҷтимоӣ фаъолона истифода мекунад. Саҳифаи Twitter-и попи Рум аз соли 2012 ба ин сӯ фаъол аст.

Лентаи хабарҳо
0