Дар баргаҳои раъй ду савол вуҷуд дошт: "Шумо ҷонибдори пайвастани Қрим ба ҳайати Русия ҳастед" ва "Шумо тарафдори барқарорсозии Конститутсияи соли 1992, ки Қрим як ҷузъи Украина маҳсуб меёбад, ҳастед?".
Аксари раъйдиҳандагон (96,77%) аз пайвастани Қрим ба Русия тарафдорӣ карданд. Ба қавли раиси Комиссияи баргузории раъйпурсии Қрим Михаил Малишев, дар ин маъарака 83,1 дарсади сокинони минтақа, ки ҳуқуқи ширкат дар овоздиҳиро доштанд, иштирок варзиданд.
Пас аз ду рӯзи раъйпурсӣ президенти Русия Владимир Путин ва роҳбарияти Қриму шаҳри Севастопол шартномаи ба ҳайати ФР шомил гардидани манотиқи мазкурро имзо карданд.

Раҳпаймоӣ ба хотири ҷонибдорӣ аз мақоми Қрим дар хиёбони Нахимови Севастопол

Тазоҳуроти осоиштаи сокинони Севастопол

Плакатҳои тарғиботӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Севастопол

Огоҳнома ба шаҳрвандон дар бораи раъйдиҳӣ дар Қрим

Ду рӯз қабл аз раъйпурсӣ. Дидбонгоҳи назоратӣ дар ноҳияи Чонгара

14 марти соли 2014. Омодагӣ ба раъйпурсӣ дар Қрим. Парчами ФР дар айвони хонаҳои сокинони Қрим

15 марти соли 2014. Қрим дар арафаи раъйпурсӣ

Сокинони Симферопол. 15 марти соли 2014

16 марти 2014. Раъйпурсӣ. Ноҳияи Ҷанкойи Қрим

Кормандони Комиссияи раъйпурсӣ баргаҳоро мешуморанд

16 марти соли 2014. Консерти идона бахшида ба баргузории раъйпурсӣ дар маркази Симферопол

Навиштаҷоти "Радаи боло" аз бинои парлумони Қрим ҳазф мешавад. 18 марти соли 2014