ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Роҳбари нави "АвтоВАЗ" сарвари кулли Renault дар Руминия Николя Мор интихоб гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ширкат.
"Alliance Rostec Auto BV", дар якҷоягӣ бо ширкати "Renault-Nissan" ва иттиҳодияи "Ростех", ки "АвтоВАЗ"-ро идора мекунанд, дар бораи ба ҳайси президенти ҶСК "АвтоВАЗ" интихоб шудани Николя Мор (Nicolas Maure) эълон медоранд",- омадааст дар хабар.
Қайд мегардад, ки қарор дар бораи таъини Николя Мор рӯзи 4 апрел замоне, ки роҳбари қаблии "АвтоВАЗ" Бу Андерсон ба иҷрои вазоифи худ хотима мебахшад, ниҳоӣ мешавад.
Вазири саноат ва тиҷорати ФР Денис Мантуров вазифаи муҳими роҳбари ҷадиди"АвтоВАЗа"- ро дар танзими бозори нақлиёт мебинад.
"Агар дар бораи рисолати роҳбари"АвтоВАЗ", ҳарф занем, бешак ин пеш аз ҳама коҳиш додани арзиши истеҳсолии нақтиёт мебошад",- гуфт Мантуров.
Ӯ шарҳ дод, ки имрӯз аз нуқтаи назари мантиқӣ истифодаи маҷмӯъи лавозимоти хориҷӣ барои гурӯҳи Renault, сари вақт ва зарурист.
Мавриди тазаккур аст, ки Бу Инге Андерссон вазифаи роҳбари кулли ҶСК "АвтоВАЗ"-ро шурӯъ аз соли 2014 ба ӯҳда дошт. Яке аз ҳадафи муҳимтарини ӯ ин эҷоди симои мусбати ширкат ва баланд бардоштани сифати маҳсулот буд. Дар давраи роҳбарии ӯ зиёда аз 10 намунаи бренди Lada ва Renault Nissan истеҳсол гардида, ҳамчунин ихтисори назарраси кормандон гузаронида шуд.
Соли 2015 хисороти "АвтоВАЗ" мувофиқи Ҳисоботи Байналмилалии Стандартии Молиявӣ (ҲБСМ) дар муқоиса ба соли 2014 се маротиба зиёд шуда, 73,851 миллиард рубли русиро ташкил дод. Даромади ширкат коҳиш ёфт ва фурӯши сабукравҳои намунаи Lada дар Русия зиёда аз 30 фоиз кам шуд.