ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тайи соли гузаштаи 2015 ва ду моҳи соли 2016 аз ҷониби кормандони бахши фаврӣ ҷустуҷӯии Хадамоти гумруки Тоҷикистон беш аз 55 ҳазор доруҳои қалбакӣ ва пастсифат ошкор гардида, аз муомилоту фурӯш боздошта шуданд.
Бино ба иттилоъи ин ниҳод, масъулини он дар маҷмӯъ 11 ҳолати воридоти ғайриқонунии дорувориро ба қайд гирифтаанд.
"Дар вилояти Суғд кормандони гумрук воридоти ғайриқонунии доруворӣ ба миқдори умумии 52 ҳазору 744 дона ва 1 ҳазору 425 қуттӣ дорувории бе сифати муҳлати истифодаашон гузаштаро ошкор намуданд",- омадааст дар иттилоъияи хадамот.
Ҳамчунин, ҳабу доруҳои доруи "амоксатсилин", "апетамол" ва "Ру-фен", ки санадҳои тасдиқкунанда надоштанд ва доруҳое, ки ғайри қобили истеъмоланд, ба қайд гирифта шудаанд.
Дар робита ба аъмоли ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд 10 парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ ва 1 парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти суд ва прокуратура барои баррасӣ ирсол шуданд.