Додгоҳ муҳлати ҳабси нахуствазири собиқро кам кард. Дар Қазоқистон

© Sputnik Завлона. Акс аз бойгонӣ
Завлона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири собиқи Қазоқистон ду сол камтар дар маҳбас мешинад ва қабл аз муҳлат ба озодӣ мебарояд.

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Додгоҳи вилояти Қарағандаи ҷумҳурии Қазоқистон қарор кард, ки ҳукми зиндони нахуствазири собиқи ин кишвар Серик Ахметов аз даҳ то ба ҳашт сол кам карда шавад.

Тибқи иттилоъи пойгоҳҳои хабарии қазоқӣ, суд ҳамчунин ҳукмҳои бархе аз мақомоти шаҳр ва вилояти Қарғандаро, ки ҳамҷоя бо онҳо Ахметов дар парвандаи фасодкорӣ маҳкум шуда буд, тағйир дод.

Ҳукми зиндони раиси собиқи вилояти Қарағанда Бауржан Абдишев аз панҷ то се сол кам шуд. Ҳокими пештараи шаҳри Қарағанда Мейрам Смагулов, ки ба се соли маҳбас ва мусодираи молу мулк маҳкум шуда буд, акнун мӯҳлати ҳабсаш то ба ду сол кам карда шуд.

Зимнан, ҳукми се соли зиндони муовини собиқи ҳокими вилояти Қарағанда Габит Мухамбетов ва раиси собиқи раёсати ширкати "КазАгро" Дулат Айтҷанов ба ҳукми шартӣ иваз шуд.

Баррасӣ ва муҳокимаи парвандаи додгоҳии Серик Ахметов дар моҳи декабри соли 2015 анҷом ёфт. Аз 21 нафари тибқи ин парванда маҳкумшуда, 12 нафар ба зинаи болоии додгоҳ муроҷиат карда, бозбинии парвандаҳояшонро тақозо карданд.

Лентаи хабарҳо
0