ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Экипажи бомбапартои Ту-95 дар доираи омӯзиши муштараки Русия ва Тоҷикистон машқҳои низомӣ анҷом медиҳад, иттилоъ дод ёвари фармондеҳи ОҲМ Ярослав Рошупкин.
"Имрӯз экипажи ҷангандаи Ту-95 дар доираи омӯзиши муштараки Русия ва Тоҷикистон, ки марҳилаи асосии он рӯзи душанбе шурӯъ шуда буд, ба тамрингоҳи минтақаҳои кӯҳие, ки дар ҷумҳурӣ ҷойгиранд, парвоз анҷом медиҳад. Халабонон тарзи гирифтани маълумотро аз нуқтаҳои назоратӣ, ки дар ноҳияҳои омӯзишӣ назорат карда мегавад, иҷро менамоянд",-гуфт Рошупкин.
Ба қавли ӯ, бомбаандози Ту-95 азпойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоии Энгелси вилояти Саратов парвоз карда, наздики 8 ҳазор км-ро дар фазои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар муддати 11 соат тай менамояд.
Дар омӯзиш мақомоти ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Округи марказии Ҳарбии Русия, зиреҳпӯшу тӯпҳо, воҳидҳои вижа, инчунин гурӯҳҳои десантии ҳавоӣ ширкат хоҳанд кард.