Инфиҷори ҷангиёни "Давлати исломӣ". Дар бомбаи худашон

© AP Photo/Raqqa Media Office, FileҶангиёни ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ
Ҷангиёни ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи инфиҷори маводи тарканда, ки ҷангиёни “Давлати Исломӣ” ба Афғонистон интиқол медоданд, зиёда аз 10 нафар ҳалок гардида , 20 каси дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Наздики 12 тан  аз террористони гуруҳи "Давлати исломӣ" дар натиҷаи инфиҷори бомбаи худӣ дар вулусволии  Нангарҳор (Афғонистони шарқӣ) кушта шуданд, иттилоъ медиҳад оҷонсии Khaama бо истинод ба баёнияи Вазорати мудофиаи ин кишвар.

Нерӯи ҳавоии Амрико дар Ироқ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймоҳои нерӯи ҳавоии Афғонистон 25 ҷангии ДИИШ-ро нобуд карданд

Ҳамчунин, Вазорати мудофиа хабар медиҳад, ки дар наҷитаи таркиш 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Инфиҷори бомба ҳангоме ба вуқӯъ пайваст, ки террористон маводи таркандаро аз ноҳияи Маздак ба ноҳияи Ачин ба бозори Шедил интиқол медоданд. Дар бораи  маҷрӯҳ шудани сокинони осоишта хабар дода намешавад.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буданд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" зиёд шудааст.

Созмони "Толибон" ва гуруҳи "Давлати исломӣ" аз ҷумлаи ташкилотҳои рақобаткунанда ба шумор мераванд. Тибқи иттилои расонаҳо,  моҳи июни соли 2015 намояндагони ҳаракати "Толибон" ба "Давлати исломӣ"нома фиристода, дахолат накардан ба фаъолияти онҳо дар Афғонистонро талаб намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0