ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Намоишгоҳи фарҳангии Ҷопон бори нахуст дар Тоҷикистон бо мусоидати Вазоратҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон сурат пазируфт.
Дар барномаи намоишгоҳ, намоиши "икебана", ё санъати ороиши гулҳо аз ҷониби устоди ҳунар Мидори Ямада дар назар аст. Сипас, ҳунари хаттотии ҷопонӣ ё "шодо", санъати ашёҳои коғазӣ ва бозичаҳои чӯбӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар баробари ин меҳмонони намоишгоҳ консерти Кото ва Шамисен, намоиши мӯди кимано, либоси миллии Ҷопон, филми аниматсионии "Боғи сухан" ва филми "Аз ман ба шумо"-ро бо шавқ тамошо карданд.
Ҳамзамон, дар намоишгоҳ мураббиёни ҷопонӣ нозукиҳои ҳунарҳои варзишию ҳарбии ҷудо, каратэ, айкидо, сумо, кудо ва киёкушин-каратэинро нишон дода, рақси миллии ава-адорӣ ва маросими чойнӯшии ҷопонӣ барномаи намоишгоҳи фарҳангии Ҷопонро пурра сохт.