Шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамла ба соҳибкорони МТ гумонбаранд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкБозори "Садовод"-и Маскав. Акс аз бойгонӣ
Бозори Садовод-и Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз Кумитаи тафтишоти ФР хабар доданд, ки гурӯҳи ҷинояткорон чанд маротиба ба шаҳрвандони Чин ҳамла намуда, дар пайи ин як сокини Чин ба ҳалокат расидаст.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва иштирок дар ҳамлаҳо ба соҳибкорон гумонбар дониста мешаванд, иттилоъ медиҳад Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав.

ВАО: фирори муҳоҷирони тоҷик аз боздоштгоҳ бо методи Монта-Кристо

"Кумитаи тафтишоти шаҳри Люберси дар вилояти Маскав нисбати шаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз намуд.  Онҳо дар ташкил ва иштирок дар ҳамлаҳои ҷинояткорона ба шаҳрвандон тибқи Кодекси ҷиноии ФР  (қ. қ. 1,2 мод. 209 КҶ ФР)  гумонбар мешаванд",-  гуфта мешавад дар иттилоъия.

Бино ба иттилоъи расида, як шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи ҳамла ба соҳибкорони марказҳои савдои "Москва" ва "Садовод" гурӯҳи ҷиноятпеша ташкил додааст.

"Гурӯҳ фаъолияти дарозмуддат ва устуворро дар нақша доштааст. Ҳамин тавр, аз ҷониби гурӯҳ наздики ҳашт қонунвайронкунӣ ва ҳамлаҳо ба соҳибкорони Чин, ки ба марги як тоҷир оварда расонд, ба қайд гирифта шудааст",-гуфтанд дар Кумитаи тафтишот.

 

Лентаи хабарҳо
0