ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода Иди матбуот таҷлил гардид, ки дар он собиқадорони соҳа, журналистону хабарнигорон, роҳбарони воситаи ахбори оммаи шаҳру вилоят ва намояндагии расонаҳои марказӣ ширкат варзиданд, менависад сомонаи ҳукумати маркази вилоят.
Қабл аз ҳама раиси шаҳр ҳозирин ва тамоми кормандони расонаҳои иттилоотиро бо ин санаи неки касбӣ табрик намуда, саҳми эҷодкорон ва журналистонро дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ муҳим ва назаррас баҳогузорӣ намуд.
"Яке аз ин рукнҳои муҳими устувории давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлолмамон ин арзи ҳастӣ намудани расонаҳои гуногуни иттилоотӣ буда, изҳори назару андешаҳои бунёдкорона ва созанда тариқи ин минбари омма аст",- қайд кард ӯ.
Зимнан, оқои Аҳмадзода ба иштирокдорони ин чорабинӣ доир ба нақшаю дурнамои ҳукумати шаҳр ба истиқболи 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ва корҳои ободонию созандагӣ сӯҳбат намуд.
Тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба наздики 60 нафар журналистон ва кормандони воситаи ахбори омма тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
То даврони истиқлолияти Тоҷикистон ва чанд соли баъд, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» — нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд.
Соли 1994 бо пешниҳоди як идда аз зиёиён, Рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми март муқаррар шуд. Ин сана аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии "Бухорои Шариф" гирифта шудааст, ки он бори нахуст 11 марти соли 1912 чоп шуда буд.