ВАО: пулиси Туркия дар ҷустуҷӯи террорист аз Русия

© REUTERS \ UMIT BEKTASМаҳалли инфиҷор дар Анқара
Маҳалли инфиҷор дар Анқара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кристина Тихонова бо шомил будан ба гурӯҳи ҷиноятпешаи “Давлати Исломӣ” гумонбар дониста мешавад. Ба навиштаи расонаҳо, ӯ ба дӯстонаш изҳор доштааст, ки худро метарконад, то дари биҳишт барояш боз гардад.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Мақомоти пулиси Туркия ба ҷустуҷӯи шаҳрванди Федератсияи Русия Кристина Тихонова оғоз кардаанд, иттилоъ медиҳад рӯзи панҷшанбе торнамои  Habertürk бо истинод ба манбаъаш дар пулис.

Ба навиштаи сарчашмаи хабар, гумонбаршуда зодаи 18-солаи ҷумҳурии Доғистон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) таҳти пайгард қарор гирифтааст/

Ӯ рӯзи 18 феврал ба Истамбул омада, ба дӯстони дар Доғистон будааш гуфтааст, ки мехоҳад худро дар "Туркиё тарконад, то ба биҳишт равад".

Маълумот дар бораи таҳдид ба тамоми воҳидҳои сохтори қудратии  Туркия паҳн карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0