Дар дохили ҳавопаймо шаҳрвандони Русия набуданд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкҲавопаймои Ан-26. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои Ан-26. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамаи мусофироне, ки дар дохили ҳавопаймои боркаш қарор доштанд, шаҳрвандони Украина ҳастанд, хабар доданд ба Консулгарии генералии Русия дар Бангладеш.

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар дохили ҳавопаймо Ан-26, ки дар соҳилҳои Бангладеш суқут кард, қарор доштани  шаҳрвандони Русия тасдиқ нашудааст, хабар доданд ба Консулгарии генералии Русия дар шаҳри Читтагонг.

"Мувофиқи маълумоти ба даст омада, дар дохили ҳавопаймо чор шаҳрванди Украина қарор доштаанд, маълумот дар бораи шаҳрвандони Русия тасдиқ нашуд. Мо аз мақомоти полис маълумоти мушаххас дар бораи мусофирон ва шиносномаҳои онҳо интизорем ",-мегӯянд дар консулгарӣ.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳавопаймои боркаши Ан-26, ки ба ширкати  True Aviation  тааллуқ дошт дар соҳилҳои Бангладеш суқут кард. Дар дохили ҳавопаймо чор нафар мусофир қарор дошт.

Лентаи хабарҳо
0