ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Филм, ки 45 дақиқа давом мекунад, наворҳои ҷолибу самимӣ ва гарм, баъзан ғамангезро дар бар гирифта, дар бораи сарнавишти сангину душвори солҳои ҷавонии Шариф Назаров, ки дар мактаб-интернат тарбия гирифта, аз хурдӣ шефтаи варзиши №1, дар майдони варзишӣ яке беҳтарин бозингарон дар байни ҳамсолонаш ба шумор мерафт ва ҳамаро бо истеъдоди худ дар ҳайрат мегузошт, нақл мекунад.
Муаллифи намоишнома — Файзулло Зарифӣ ва коргардон —Зиёвуддин Сафаров мебошанд. Наворҳои филм моро якбора ба солҳои 60-80 —уми асри гузашта мебаранд, ки он ҷо қаҳрамонон —бозингарон ва мухлисони наслҳои гуногуни гурӯҳи овозадори "Помир", таассуроти худро дар бораи хидматҳои шоистаи Шариф Назаров мегӯянд.
Инчунин, худи қаҳрамон аз фаъолияташ дар дастаи "Помир", ки сараввал ба ҳайси маъмур, баъд сардори даста ва сармураббӣ кор карда буд, ёдовар шуда, дар бораи имрӯз, ифтитоҳи "Мактаби футболи Шариф Назаров" ба хотири насли ҷавон ва омӯзиши таҷрибаи бойи чандинсолаи худ нақл мекунад.
Дар филми мустанад, инчунин мусоҳиба бо аъзои оилаи Назаров, завҷааш- Баҳор Пулодӣ, нишон дода мешавад, ки чӣ гуна ҷавони хоксор ба ҳамсари ояндааш пешниҳоди оиладор шуданро карда буд.
Барои банаворгирии филм Зиёвуддин Сафаров ва Файзулло Зарифӣ аз наворҳо бо иштироки дастаи овозадори "Помир", маводҳо ва аксҳо аз сабқати футболи ИҶШС ва наворҳои нотакрор аз бозии хотиравии дастаи маъруфи футболи Душанбе бо клуби "Спартак"-и Маскав, ки бо ҳисоби 5:1 ба фоидаи футболбозони Душанбе анҷом ёфт, истифода кардаанд.
Филм бо боздиди Шариф Назаров дар арафаи солгарди умраш аз мактаб-интернат ва дидор бо муаллимонаш, тақдими либосҳои варзишию тӯбҳ ба тарбиятгирандагон анҷом меёбад.