Лӯхтак-Барбии тоҷикӣ

Обуна шудан
Лӯхтак-бозичаи миллии тоҷикӣ, ки тарзи сохтани он ба давраҳои пеш аз исломӣ рост меояд, аммо то мирӯз яке аз дустдоштатарин бозичаи кӯдакони кӯҳистони Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мувофиқи маълумот "Лӯхтак" аз калимаи "лохта"-и забони форсии миёна (духтар), ё худ аз калимаи тоҷикии "лахтак" (пораи матоъ) гирифта шудааст.
Тарзи сохтани лӯхтак, ки асосан бибиҳо аз он бохабаранд, дар давоми солҳои зиёд тағйир ёфтааст. Масалан, агар солҳои пеш барои сохтани сари лӯхтак, танга ё тугма истифода мешуд, имрӯзҳо ҷои онро сарпӯши қуттии косметикӣ гирифтааст.

Сохтани лӯхтак осон аст, вали ороиши рӯяш хеле мушкил, чун бо истифода аз риштаҳои ранга бояд шакли геометрии ромб бофта шавад. Барои зеботар шудани рӯйи лӯхтак метавонед аз ҳафт ранг ришта истифода баред, ки рангҳои тиру камонро дошта бошанд.

Барои боз ҳам зеботар шудани он метавонед, барояш аз матоъи атлас либос дӯзед, кокул бофед ва барояш зеби гардан омода созед. Барои лӯхтак-писар, ки аслан рӯй надорад, метавонед ҷома пӯшонида, ба сараш чаккабанд ва ба миёнаш яккабанд бандед.

Лентаи хабарҳо
0