Тағйири номи бархе аз мавзеъ ва шаҳракҳо дар Тоҷикистон

© WikimediaХоруғ. Акс аз бойгонӣ
Хоруғ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттлоъи расида дар мувофиқа бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ду шаҳраки нав- Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шотемур таъсис меёбанд.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйири номи баъзе ноҳияҳо ва шаҳракҳоро тасдиқ кард.

Ҳамин тавр, дар шаҳри Хоруғ ду шаҳраки нав: Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шотемур таъсис дода мешаванд.

Инчунин, пешниҳоди ҳукумати ҶТ ва Маҷлиси вакилони халқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи тағйири номи деҳаи Питовдашти ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон ба Раҳмонобод тасдиқ шуд.

Сел як биноро дар Барсеми Шуғнон тахриб кард - Sputnik Тоҷикистон
Тахриби бино: сел дар Барсем як манзили маскуниро ба коми худ кашид

Рустои нав, ки бо номи раисҷумҳури Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд, тирамоҳи соли гузашта бо даъвати президент дар мавзеъи Питовдашт, барои оилаҳое, ки манзилҳояшон ҳангоми фаромадани сели моҳи июли соли 2015 осеб дида буд, бунёд гардид.

Бо амри Эмомалӣ Раҳмон, то охири моҳи октябри соли 2015 дар ин мавзеъи навбунёд, 80 манзили зист, мактаб, марказҳои савдо, бунгоҳи тиббӣ, шабакаҳои обӣ ва барқӣ бунёд гардиданд.

Қаблан Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва дониши таърихии ҷавонон тибқи карори Ҳукумати Тоҷикистон номҳои баъзе аз минтақаҳо ва мавзеҳои ҷуғрофӣ иваз хоҳанд шуд.

Ҳамин тавр, бо қарори Маҷлиси миллӣ  ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷилликул ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин,  ноҳияҳои Тавилдара ба Сангвор ва Ҷиргатол ба Лахш иваз карда шуданд. 

 

Лентаи хабарҳо
0