Лаҳзаи ҳамлаи ду зани террорист ба автобуси пулисҳо дар Туркия

Обуна шудан
Ду зани мусаллаҳ бо норинҷакҳо ба автобуси пулис, ки аз канори роҳи ноҳияи Байрампеша, воқеъ дар Истамбул мегузашт, ҳамла карда, аз автомат тир кушодаанд.Навори ҳодисаро аз ин ҷо бубинед.

Ду зан дар ноҳияи Байрампашаи Истамбул, пойтахти Туркия ба шуъбаи пулис ҳамла карда, сӯи кормандони мақомот аз силоҳи мусалсал оташ кушодаанд. Пас аз ин террористҳо ният доштанд, тариқи таксӣ аз маҳалли ҳодиса фирор кунанд, аммо ин ба онҳо даст надод.

Ба ҷои воқеъа гуруҳи зудамали мақомот ҳозир шуда, минтақаро иҳота карданд. Сокинони маҳалла ба ҷои амн кӯчонида шуданд.

Тибқи иттилои оҷонсии хабарии Anadolu ҳар ду гумонбар дар амали террористӣ аснои амалиёти пулис ба ҳалокат расидаанд.

Лентаи хабарҳо
0