Ҳунарпешаи машҳур Наталя Крачковская даргузашт

Обуна шудан
Чанд рӯз қабл Наталя Крачковская дар ҳолати вазнин дар беморхонаи рақами яки шаҳри Маскав бистарӣ шуд. Ӯ дар синни 78 солагӣ аз олам даргузашт.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ҳунарпешаи саршинос Наталя Крачковская охири моҳи феврал дар бемористони рақами 1-и шаҳри Маскав аз олам чашм пӯшид.

Ӯ пас аз бемории кутоҳмуддат вафот кардааст.

Бону Крачковская 24 ноябри соли 1938 дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст. Тайи фаъолияти беш аз 40-солааш дар синамо, ҳунарпеша дар 70 филм нақш офаридааст. Дар умум актриса дар нақшҳои мухталифи дуввумдараҷа низ зиёд бозӣ кардааст.

Наталя Клачковская махсусан бо нақшофарӣ дар филми "Иван Василевич касбашро дигар мекунад" дар хотири тамошобинон нақш бастааст. Ва дар яке аз нақшҳояш ибораҳои "узр, ки ман шуморо дар давоми  драмаи оилавиамон ташвиш додам",  ё "шуморо табобат мекунанд….шуморо ҳам табобат мекунанд…ва маро ҳам табобат мекунанд" —ро мегӯяд.

Дар филми "Наход чунин бошад!"  Крачковская  нақши эпизодиро бозид, вале ибораҳои "Ин бозӣ? Нархҳои шумо бозӣ нест?" дар ёди тамошобинон то охири умрашон нақш баст. Дар умум ҳунарпеша дар беш аз 100 филм нақшофарӣ кардааст, аз қабили "12 курсӣ", "Ҳамсари ман шавед" ва дигар филмҳои машҳур.

Лентаи хабарҳо
0