Медведев муҳлати гирифтани шиносномаи русиро 30 рӯз кам кард

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузариш ба медиабонкШиносномаҳои русӣ. Акс аз бойгонӣ
Шиносномаҳои русӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳлати додани шиноснома ду баробар кам карда шуд.. Ба ғайр аз ин барқарор кардан ва ё дубора гирифтани шиносномаи гумшуда дар сурати муроҷиат ба ХФМ-и минтақа аз ин ба баъд тайи даҳ рӯз имкон дорад.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев қарор дар бораи кам кардани муҳлати гирифтани шиносномаи русиро ба имзо расонид, ки тибқи он давоми як моҳ соҳиби шиноснома шудан мумкин аст, омадааст дар хабари сомонаи расмии ҳукумати ФР.

То кунун барои гирифтани шиноснома ва ё дубора барқарор кардани санад ҳудуди ду моҳ вақт сарф мешуд.

Имзои қарори мазкур муҳлатро ду баробар кам карда, дар 30 рӯзи тақвимӣ гирифтани шиносномаро имконпазир мегардонад. Ба ғайр аз ин, дубора гирифтани шиносномаи гумшуда дар сурати муроҷиат ба ХФМ-и минтақа аз ин ба баъд тайи даҳ рӯз имкон дорад.

"Ҳамин тавр, сифати хидматрасонии давлатӣ аснои ироаи шиноснома боло хоҳад рафт",- қайд шудааст дар маълумотномаи қарор.  

Лентаи хабарҳо
0