ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ангора ва ё ба истилоҳ рамзи "Наврӯз-2016"- ро тасдиқ кард, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ дар сартосари кишвар ҳамчун нишони ин иди миллӣ истифода хоҳад шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.
"Вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ҳангоми тантанаҳои наврӯзӣ аз ин ангора истифода намоянд",- омадааст дар хабари сарчашма.
Маврид ба ёдоварист, то имрӯз рамзи Наврӯз ба намудҳои мухталиф дар ҳар гӯшаи кишвар зоҳир мешуд, вале акнун ангораи мазкур дар саросари кишвар ягона буда ва дар ҷашнҳову нишастҳо истифода мешавад.
Ба хотири бузургдошти Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, аз 19 то 24-уми марти соли 2016 ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мешавад. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ин барнома дар охирҳои моҳи январ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Зимнан, дар ҳошияи ин барнома маҳфилҳои шеър, мизҳои мудаввар, мулоқот бо мардум ва дарси устодони шеъри тоҷикӣ-форсӣ барпо мегарданд. Дар назар аст, ки дар ин ҷамъомад бузургтарин шоирони форсизабони ҷаҳон иштирок намоянд.