ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз 1 то 5-уми апрел дар Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейболро миёни журналистон баргузор менамояд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Ба гуфти корманди масъули Кумитаи ҷавонон, Наврӯз Қурбонов, мусобиқа барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" доир хоҳад шуд.
Дар сабақат намояндагони воситаҳои ахбори омма дар шакли даставӣ метавонанд иштирок намоянд.
Оқои Қурбонов мегӯяд, мусобиқаи мазкур бояд панҷ рӯз идома кунад, аммо дар сурати бештар номнавис шудани дастаҳо шояд чанд рӯзи дигар ба он илова шавад.
Як чунин сабқат соли гузашта низ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир гардида буд, ки дар он дастаи "Фараж" ҷои аввал, ТВ "Ҷаҳоннамо" ҷойи дуюм ва "Озодагон" мақоми саввумро касб карданд.