Маоши баландтарин дар бахши молия-2247 сомонӣ, музди кормандони ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон 3484 сомонӣ мебошад. Сохтмончиён-1955 сомонӣ ва кормандони бахши савдо 1489 сомонӣ маош мегиранд.
Даромади молии аҳолӣ, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон барои 11 моҳи соли 2015, 22 миллиарду 921,5 сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 5% зиёдтар аст. Дар баробари ин арзиш ва пасандози аҳолии кишвар ба 24 миллиарду 103,2 миллион сомонӣ мерасад.
Барои хариди молу маҳсулот ва пардохтҳои давлатӣ, сокинони кишвар 65%-и пасандозашонро сарф карда, пардохтҳои ҳатмию ихтиёрӣ 30,4 %-и маблағи умумиро ташкил додааст.
Бо вуҷуди ин даромади воқеии аҳолӣ бо дарназардошти таваррум соли гузашта то 3% паст шуд.