АУ ҶТ мактаби тобистона таъсис медиҳад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинБинои АУ ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои АУ ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ дастгирии ҷавонони болаёқат унвон мегардад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Академияи улуми Тоҷикистон бо дастгирии бунёди гуманитарии ИДМ дар шаҳраки Саразми Панҷакент барои олимони ҷавон мактаби тобистона роҳандозӣ мекунад, иттилоъ медиҳад ин ниҳоди илмӣ.

Ба қавли сухангӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Шервони Умриддин аз 4-ум то 10-уми июли соли равон дар Саразми Панҷакент курси омӯзишии тобистона барои олимони ҷавон баргузор мешавад.

"Ин тарҳ аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳо бо дастгирии фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ ба амалӣ мешавад",-илова кард ӯ.

Ҳадаф аз роҳандозии ин давраи таълимии илмиро шиносоӣ бо таҷрибаи тадқиқотҳои бостоншиносӣ дар минтақаҳои куҳсор, усули ҳифз намудани маҳалаҳои таҳқиқи бостоншиносӣ дар мисоли Саразм, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳагии болооби Зарафшон дар ҳафриёти Саразм мегӯянд.

Лентаи хабарҳо
0