Мушкилот дар қитъаи роҳи минтақаи Шӯрообод- Шоҳон

© Sputnik / Борис Ушмайкин / Гузариш ба медиабонкРоҳ ба сӯи Бадахшон. Акс аз бойгонӣ
Роҳ ба сӯи Бадахшон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Арзиши умумии лоиҳаи “Бунёди ҷодаи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб”, қитъаи Шӯрообод - Шоҳон 92,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва лоиҳа бо сармоягузории чанд бонки хориҷӣ амалӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Мутахаcсисони Вазорати нақлиёт  муайян кардаанд, ки тайи моҳи ахир дар баъзе қисматҳои роҳи Кӯлоб- Қалъаихумб, дар минтақаи Шӯрообод —Шоҳон аз 2 то 7 см кӯчиш ва таркиш пайдо шудаст.

Офати табиӣ дар Бадахшон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бадахшон: километри 638-уми шоҳроҳи Душанбе- Қулма боз шуд

Дар робита, дар маҷлисгоҳи вазорат Шӯрои илмӣ- техникӣ оид ба баррасии тадқиқоти омӯзиши корҳои геодезӣ ва геологии қитъаҳои зери лағжиш қарордоштаи роҳи автомобилгарди Душанбе- Кӯлоб —Хоруғ —Мурғоб ағбаи Қулма, қитъаи Шӯрообод- Шоҳон баргузор гардида, ин масъала мавриди муҳокима қарор гирифт.

Муовини аввали вазир, Суҳроб Мирзоев дар ҷаласа гуфт, сабаби дар мувофиқа бо Вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ баргузор намудани Шӯрои илмӣ — техникӣ бинобар пайдо шудани мушкилиҳо дар лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Қалъахумб, қитъаи Шӯрообод- Шоҳон, ки 2 самтро дар бар мегирад, мебошад.

"Дар оғози корҳои сохтмонӣ ин камбудиҳо ба миён наомада буданд ва дар рафти корҳои сохтмонӣ чунин мушкилиҳо ошкор карда шуданд",- илова кардааст Мирзоев.

Арзиши умумии лоиҳаи "Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Қалъаихумб", қитъаи Шӯрообод — Шоҳон 92,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин лоиҳа аз ҷумла бо  қарзҳои Бонки исломии рушд (20 млн. $), Фонди Саудии рушд (20 млн. $), Фонди Кувайтии рушди иқтисодии арабӣ (17 млн. $), Фонди Абу-Дабӣ (15 млн. $), Фонди ОПЕК (13 млн. $) маблағгузорӣ мешавад.

Саҳми (ҳиссаи) ҳукумати Тоҷикистон дар буҷети лоиҳа ба 7,9 млн. $ баробар аст.

Ширкати «Комбайнд Групп»-и Кувайт ва ширкати «Текар»-и Туркия паймонкорони лоиҳа мебошанд. Масофаи қитъаи роҳи Шӯрообод — Шоҳон 40 километр мебошад.

Лентаи хабарҳо
0